Панҷумин вохӯрии роҳбарони мақомоти ҳудудӣ ва масъулони ҲФ-и СҲШ
Душанбе, 20.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрӯз, 20 август дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд вохурии панҷуми ҳайатҳои роҳбарикунандаи сохторҳои ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа масъулини вилояти Суғд, ҳайатҳои роҳбарии сохторҳои ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай: Тоҷикистон, Русия, Чин, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат варзиданд ва масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ, огоҳкунӣ ва рафъи оқибатҳои фавқулодда дар минтақаҳои наздисарҳадиро мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳайатҳои аъзои кишварҳои СҲШ дар самти пешгирии саривақтӣ ва идоракунии қувваю воситаҳои зарурӣ ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқуллодаи табиӣ ва техногенӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ибрози назар намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






