Пасандози «Истиқлолият»-иқдоми идонаи «Амонатбонк» ба 25-умин солгарди Истиқлолияти кишвар
Душанбе, 12.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», бо мақсади ҷалби бештари маблағҳои озоди аҳолӣ бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мизоҷони Бонк, қабули маблағҳо барои пасандози мӯҳлатноки «Истиқлолият»-ро, ки соли гузашта оғоз намуда буд, идома медиҳад.
Пасандози «Истиқлолият» ба мӯҳлати 1 сол қабул карда мешавад.
Фоизҳои пасандози «Истиқлолият» бо асъори миллӣ 17% ва бо асъори хориҷӣ 15%-и солона мебошад.
Мӯҳлати қабули маблағҳо ба пасандози «Истиқлолият» аз 9 август то 9 ноябри 2015 муқаррар шудааст. Ин иқдоми Амонатбонк ба шаҳрвандон имконият медиҳад даромади фоизии маблағҳои худро таъмин намоянд. Хуҳишмандон метавонанд ба ҳамаи филиалу марказҳои хизматрасонии бонкии дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ буда муроҷиат намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






