Пирӯзии Дилшод Назаров дар Пекин
Душанбе, 24.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар, Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, дар даври ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гурзандозӣ, ки дирӯз 23 август дар Пекин баргузор шуд, барои ҷойи дуввум бо медали нуқра ва 30 ҳазор доллар сарфароз гашт.
Ба иттилои манбаъ, Дилшод дар сабқати ниҳоии гурзандозӣ байни мардон дар байни 12 нафар зӯртарин гурзандозҳои ҷаҳон бо натиҷаи 78 метру 55 сантиметр ҷои дуввумро азони худ кард. Бояд гуфт, ки Дилшод Назаров барои аввалин бор дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон ба чунин дастоварди бузург мушарраф шуда, соҳиби медал гардидааст.
Гуфта мешавад, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук аз Тоҷикистон ба ҷуз Дилшод Назаров боз як варзишгар — Кристина Пронженко дар давидан ба масофаи 200 метр ширкат меварзад.
Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки дар варзишгоҳи «Лонаи парранда-и пойтахти Чин Пекин то рӯзи 30 август идома хоҳад кард, ҳудуди 2000 варзишгар аз 207 кишвар барои 47 маҷмӯи ҷоизаҳо мубориза мебаранд. Ғолибон дар намудҳои инфиродӣ ба ҷуз медали тилло бо 60 ҳазор доллар, барои медалҳои нуқра бо 30 ҳазор доллар ва барои медалҳои биринҷӣ бо 20 ҳазор доллар мукофотонида мешаванд.
Дастае, ки дар эстафета ғолиб меояд, 80 ҳазор доллар мегирад. Барои ҷойи дуввум дар эстафета 40 ҳазор доллар ва барои ҷойи севвум 20 ҳазор доллар супурда мешавад. Инчунин онҳое, ки рекорди нави ҷаҳонӣ мегузоранд, бо 100 ҳазор доллар сарфароз хоҳанд шуд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






