Писари собиқ роҳбари Толибон Мулло Умар кушта шуд
Душанбе, 04.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бино ба маълумоти муовини сухангӯи Волуси Ҷирги Зоҳир Қодир, писари калонии собиқ роҳбари ҳаракати Толибон Муҳаммад Умар Мулло Ёқуб, ки барои ишғоли мансаби падараш — Мулло Умар талош меварзид, ҳафтаи сипаригашта кушта шудааст.
Ба гуфтаи мавсуф, Ёқуб 4 рӯз пеш дар шаҳри Кветтаи Покистон дар ҷаласаи Толибон даргузаштааст. «Ҳарифони Толибон ва Покистон дар марги Мулло Ёқуб даст доранд», — таъкид кардааст Зоҳир Қодир ва ваъда дод, ки ба зудӣ тафсилоти ин ҳодисаро муайян мекунад.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон иттилоъ дод, ки дар Покистон муборизаҳои дохилии Толибон идома дорад, аз ҷумла ба наздикӣ ба ҷони муовини Мулло Ахтар Мансур — Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Нурзай, ки талабгор ба роҳбарии ҳаракати Толибон аст, сӯиқасд сурат гирифт.
Дар Афғонистон низ даргириҳои миёни ҷонибдорони гурӯҳҳои гуногуни Толибон, аз ҷумла дар музофотҳои Форёб ва Ҳирот ба амал омадаанд. Ихтилоф миёни Толибон аз парокандагии ин ҳаракат шаҳодат дода, боиси талафоти нав ба нав гардида истодааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






