Роҳбари Шӯрои уламои музофоти Урузгон ба ҳалокат расид
Душанбе, 31.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар ҳудуди ҷанубии музофоти Урузгони Афғонистон, дар натиҷаи ҳамлаи ҷангиён роҳбари маҳаллии шӯрои уламо мавлавӣ Лаъл Муҳаммад ба ҳалокат расид.
Ҳангоме ки ҷангиён ба мошин ҳамла намуданд, мавлавӣ дар ҳамсоягии музофоти Қандаҳор қарор дошт. Ҳамроҳ бо фақеҳ ду нафари дигар низ кушта шуданд, ки яке аз онҳо афсари пулис мебошад. Мошине, ки фавтидагонро аз як тараф ба тарафи дигар интиқол медод, ба муовини роҳбари пулис тааллуқ дошт. Дар ин бора оҷонсии хабарии «Бохтар» иттилоъ медиҳад.
То ба ҳол, ягон гурӯҳи мухолифи мусаллаҳ ҳамлаи террористиро бар ӯҳда нагирифтааст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






