Сафари кории Сарвари давлат дар Кӯлоб аз зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оғоз гардид
Душанбе, 31.08.2015. (АМИТ “Ховар”). — Сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб бо зиёрати оромгоҳи орифи бузурги Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки имсол 700 — солагии ӯ дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад, оғоз гардид.
Дар назди оромгоҳ барои пойдории сулҳу субот, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистон дуову фотиҳа карданд.
Дар саҳни ҳавлии оромгоҳ намоишнома аз ҳаёти ибратомӯзи ин орифи бузург нишон дода шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки асарҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ чоп ва дастраси мардум гарданд, зеро мазмуну муҳтавои асарҳои ин аллома дар тарбияи маърифатнокӣ, худшиносӣ ва таҳкими ваҳдату ягонагӣ ва меҳру муҳабати байни ҳамдигарӣ хеле судбахш хоҳанд буд.
Мавриди зикр аст, ки ба ифтихори ин санаи муҳим бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Осорхонаи шафати оромгоҳ ва гунбазҳои мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ азнавсозӣ карда шуд.
Дар ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон диққати кормандони осорхонаро ба корҳои ободонӣ ҷалб намуд, зеро ҳамасола шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ, бахусус онҳое, ки аз зиндагии ибратбахш ва осори гаронарзиши пур аз пандуахлоқии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ огоҳ ҳастанд, барои зиёрат ба ин ҷо ташриф меоранд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






