Семинар дар мавзӯи «Нақши китобдори ҷавон дар тарғиби сарватҳои иттилоотӣ»

Август 31, 2015 06:19

Душанбе, 31.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Рӯзи 4- уми сентябри соли равон дар саҳни Китобхонаи миллии Тоҷикистон  бахшида ба «Рўзи китоб» семинари ҷумҳуриявии китобдорони ҷавон дар мавзӯи «Нақши китобдори ҷавон дар тарғиби сарватҳои иттилоотӣ» бо иштироки китобдорони ҷавони ҷумҳурӣ  доир мегардад.
Мақсади асосии семинар мубодилаи иттилоот ва малакаи кору фаъолият, баланд бардоштани савияи дониш, шиносоӣ бо навгониҳо дар фаъолияти кори китобдорон дар китобхонаҳо.

 

Август 31, 2015 06:19

Хабарҳои дигари ин бахш