«Шанбегии сабз» аксияи тозагии соҳил
Душанбе, 31.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- «Шанбегии сабз»-таҳти чунин унвон дирўз дар соҳили дарёи «Душанбе» бо мақсади сазовор таҷлил намудани идҳои миллии дарпешистода, бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва нашрияи «Вечёрка» аксияи тозагии соҳил баргузор гардид.
Иштирокчиёни ин чорабинӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, аз он ҷумла шабакаи ҷаҳонии Фейсбук барои ширкат дар ин чорабинӣ даъват карда шуданд, ки сафи онҳо садҳо нафарро ташкил медод. Инчунин дар чорабинӣ аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва намояндагони дигари қишри ҷавони ҷомеа иштирори фаъол доштанд.
Ҳадаф аз баргузор намудани чунин чорабиниҳо аз як тараф сазовор ҷашн гирифтани ҷашнҳои миллӣ ва ҳифзи муҳити зист бошад, аз ҷониби дигар воситаи хуби тарбияи ватандўстӣ ва баланд бардоштани ҳисси эҳтиром ба ватану меҳан ва манбаи ҳаёт — об арзёбӣ мегардад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






