Шиносоии намояндагони Эрон бо дастовардҳои Академияи ВКД
Душанбе, 04.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон, бо роҳбарии фармондеҳи Донишгоҳи улуми интизомии «Амин»-и нерӯи интизомии ин кишвар Лутфалии Бахтиёр 3 август ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Гурӯҳи кориро сардори Академияи ВКД, подполковники милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ пешвоз гирифт.
Дар мулоқот сардори Академияи ВКД Шарифзода Файзалӣ аз фаъолияти илмию таълимии омӯзгорону муҳассилин, дастовардҳои онҳо суханронӣ намуд. Мавсуф иброз дошт, ки имрӯз дар Академия зиёда аз 15 нафар профессору докторони илм ва беш аз 50 номзади илм фаъолият менамоянд. Дар навбати худ Лутфалии Бахтиёр аз самтҳои фаъолияти Донишгоҳи улуми интизомии «Амин», бахшҳои он, ки шаш факултаву ҳафт марказро ташкил медиҳад ва ҳамасола зиёда аз 950 нафар омӯзгорон дар он дарс мегӯянд, нақл кард. Номбурда дар идома зикр кард, ки мо бояд дар заминаи ҳамкории дуҷониба таҷрибаи кории ҳамдигарро омӯзем ва ин муносибатҳоро густариш диҳем.
Сипас кормандони ротаи зудамали махсуси милитсия машқи тактикӣ-низомӣ барои озод намудани гаравгононро ба меҳмонон намоиш доданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






