Шиносоии Сарвари давлат бо корхонаи коркарди шир ва маҳсулоти қаннодӣ дар шаҳри Кӯлоб

Август 31, 2015 08:17

Душанбе, 31.08.2015. (АМИТ «Ховар»). -Аз маҳалли бунёди бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи кор ба корхонаи коркарди шир ва маҳсулоти қаннодӣ ташриф овард.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар коргоҳи коркарди шир, ки бо хати нави технологӣ муҷаҳҳаз шудааст, бо пахши тугма ба фаъолияти он асос гузошт.

Дар ин коргоҳ 12 нафар занону духтарон бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин шуда, дар як шабонарӯз 10 тонна шир коркард шуда, бештар аз 10 номгӯи маҳсулоти ширӣ аз ҷумла, қаймоқ, творог, маска, ёгурт, чакка, дуғоба ва дигар маҳсулот истеҳсол мешавад,  ки дар бозори худи шаҳри Кӯлоб ба он талабот зиёд аст.

Маҳсулоти барои коркард тибқи шартномаи тарафайн аз ҳисоби хоҷагиҳои чорводории ноҳияҳои вилоят ва аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Кӯлоб қабул мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони ин коргоҳ барои беҳтар кардани сифати маҳсулот маслиҳатҳои муфид дод.

Иттилоъ дода шуд, коргоҳи истеҳсоли шир, дорои озмоишгоҳ, анбори калони нигоҳдории маҳсулот мебошад, ки  аз ҷониби  роҳбарияти  «Комбинати шири Душанбе» дар ҳаҷми 285 ҳазор сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо харҷи зиёда аз 2 миллиону 193 ҳазору 750 сомонӣ таҷҳизоти муосири соҳавӣ ворид ва васлу насб шуд.

Корхона аз 7 коргоҳи истеҳсолӣ иборат буда, фаъолияти ҳар кадоми он ба истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум равона шудааст.

Тавре маълум гардид, бо ифтитоҳи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар шаҳри Кӯлоб таъсиси ҷойҳои нави корӣ зиёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти аълосифат низ афзун мешавад.

Комбинати шири шаҳри Кӯлоб азнавсозӣ шуда, бо хатҳои нави технологӣ таъмин гардидааст, ки дар он истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, нонӣ, ширӣ ва обҳои ранга ба роҳ монда шудааст. Сарвари давлат бо шароити кори ин коргоҳ низ аз наздик шинос шуда, ба коргарон барои истеҳсоли маҳсулоти хушсифат, рақобатпазир ва воридотивазкунанда дастуру ҳидоятҳо дод.

То ин муддат дар корхонаи шири шаҳри Кӯлоб танҳо маҳсулоти ширӣ истеҳсол мешуду халос ва дар он шумораи ками сокинон фаъолият мекарданд. Бо кашонидани хатҳои нави технологӣ акнун 80 нафар ба кор ҷалб карда мешаванд.

Корҳои таъмиру азнавсозии биноро сохтмончиёни маҳаллӣ ба итмом расонидаанд ва ин як тадбири муҳим дар самти таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ дар маҳалли зист мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкори ватандӯст барои ин кори нек изҳори сипос намуд ва дастур дод, ки барои дастрас кардани шири хушсифат бо ҳолӣ ҳамкории зичу пурсамарро ба роҳ монда, ҳарчи бештар маҳсулоти хушсифат ва ба талаботи бозор ҷавобгӯ истеҳсол намоянд.

Сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб идома дорад. Дар назар аст, ки нимаи дуюми рӯз Сарвари давлат дар тантанаҳои идона ба хотири 700 – солагии мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар боғи марказии фарҳангӣ фароғатӣ иштирок ва суханронӣ менамояд.

Август 31, 2015 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд