Шиносоии Сарвазир бо рафти бунёди навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2

Август 18, 2015 10:10
    Душанбе, 18.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз  Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои бунёди навбати  дуюми  Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2 шинос шуд.
     Хотиррасон  бояд  кард, ки  татбиқи   лоиҳаи      бунёди  навбати дуюми  Маркази барқу гармидиҳии Душанбе- 2 дар асоси созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ гардида, бо дарназардошти  лоиҳаи татбиқшудаи   навбати  аввали  маркази барқу гармидиҳӣ  иқтидори он ба 400 мегаватт баробар хоҳад шуд. 
    Сарвазири  мамлакат  Қоҳир  Расулзода  ва  ҳайати ҳамроҳонаш дар  якҷоягӣ  бо  мутахассисони ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин аз қитъаҳои алоҳидаи сохтмонӣ дидан карда, бо рафти корҳои  омодасозии  таҳкурсии биноҳои асосӣ,  корҳои  оҳану бетонрезӣ ва насбу таҷҳизотонӣ  бевосита шинос шуданд. 
    Дар анҷоми шиносоӣ дар ҳузури Сарвазири мамлакат ситоди сайёри омодагӣ  барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 доир шуд.
    Дар ситод нахуст масъалаи ба кор андохтани агрегати якуми навбати  дуюми  маркази  барқу  гармидиҳии  Душанбе-2, бунёди хатҳои  интиқоли  гармӣ  дар ҳудуди пойтахти мамлакат, нуқтаҳои  гармидиҳӣ  ва  кашонидану захира намудани ангиштсанг барои кори муназзами  маркази  барқу  гармидиҳӣ баррасӣ шуд.
    Сарвазири мамлакат роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, масъулини бахши энергетика ва роҳбарони дигар сохторҳои масъули соҳаро  барои бо сифат ва дар муҳлати муайяншуда  ба  кор  андохтани  агрегати  якуми  навбати  дуюми  маркази  барқу  гармидиҳии Душанбе-2, саривақт омода намудани қубурҳо ва таҷҳизоти дигари дастраскунандаи  гармӣ,    ташкили  кори  муназзами навбати  аввали  маркази  барқу гармидиҳии Душанбе-2  ва  маркази барқу  гармидиҳии  Душанбе-1, таъмини   иншоот  ба  миқдори  зарурии  ангишт  ва  захира   намудани  сўзишворӣ барои фаъолияти доимӣ дар  давраи  тирамоҳу  зимистон  ва  дар маҷмўъ доир ба  беҳтар гардонидани  вазъи  таъминоти    аҳолии  мамлакат,  хусусан  аҳолӣ  ва  иншооти  таъиноти  гуногуни   шаҳри  Душанбе  бо  барқу  гармӣ  вазифадор карда, аз онҳо таъмини  иҷрои саривақтии  дастуру супоришҳои  Президенти  мамлакатроро талаб намуд.
    
 
Август 18, 2015 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!