Шиносоии Сарвазири мамлакат бо рафти корҳои навсозии нақби мошингарди «Истиқлол»

Август 11, 2015 10:47

Душанбе, 11.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода  бо рафти корҳои навсозии нақби мошингарди «Истиқлол» шинос шуд.
Марҳилаи якуми навсозии нақби «Истиқлол» бетонпўшнамоии қабати болоии роҳи мошингарди нақбро дар масофаи 9992 метр фаро гирифта, ин кор то имрўз дар масофаи 5320 метри роҳ аз ду ҷониби хатти ҳаракат анҷом дода шудааст.
Сарвазири мамлакат дар қитъаҳои алоҳида бо рафти корҳои бетонпўшнамоии роҳ ва садбандии маҷрои обҳои зеризаминӣ шинос шуд. Тавре иттилоъ дода шуд, ҳамарўза дар нақб масофаи зиёда аз 150 метр бетонпўш карда шуда, дар як вақт баҳри бартараф намудани воридшавии обҳои зеризаминӣ ба нақб тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Нақбсозон нақша доранд, ки корҳои бетонпўшнамоии қабати болоии роҳро ҳамарўза дар масофаи 180 метр ба анҷом расонида, иншоотро пеш аз мўҳлат мавриди истифодаи пурра қарор диҳанд.
Хотиррасон бояд кард, ки беҳдошти шароити кори нақбсозон, аз ҷумла  пардохти саривақтии музди маош, таъмини  мунтазами иншоот бо масолеҳи зарурии сохтмонӣ ва ба онҳо  бемайлон дастрас намудани маводи  ғизоӣ  ва  сару либоси корӣ  дар мадди назари аввали роҳбарияти  давлату  Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, аз ҷониби Сарвари давлат бевосита  ба  нақбсозон  ҳамаҷониба  кумак расонида мешавад.
Сарвазири мамлакат мутахассисон ва нақбсозони ин иншооти аҳамияти  муҳимдоштаро баҳри босифат ва дар муҳлати муқараршуда анҷом додани  корҳои навсозии нақб, беҳдошти шароити  ҳаракати  нақлиёт ва дар як вақт шуруъ намудани корҳои марҳилаи дуюми навсозии нақб, ки аз пешбурди корҳои равшаннамоӣ ва ҳавотозакунӣ иборат мебошад, вазифадор намуд. 

 

Август 11, 2015 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!