Шуъбаи нави АНМН дар ноҳияи Ҷиргатол

Август 13, 2015 04:00

Душанбе, 13.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-  Дар  ноҳияи Ҷиргатол 12 август маросими кушода шудани Шуъбаи нави Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ баргузор гардид, ки дар он Директори агентӣ генерал-лейтенати милитсия Рустам  Назарзода, Сафири Фавқулодда ва Мухтори ИМА дар Тоҷикистон Сюзан М. Эллиот, Раиси ноҳияи Ҷиргатол Умедхоҷа Зойир, намондагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ноҳия иштирок намуданд. 
Шуъба бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуд. Шуъбаи нави агентӣ бо мақсади пурзӯр намудани мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирӣ намудани интиқоли маводи мухаддир тавассути қаламрави Тоҷикистон ба Қирғизистон сохта шуд. 
Директори агентӣ ва Сафири ИМА дар Тоҷикистон санади қабули биноро имзо намуданд. Меҳмонон бинои нави Шуъбаро аз назар гузарониданд. Шуъбаи нави агентӣ дорои таҷҳизоти ҳозиразамон, таъмини барқ ва системаи гармидиҳӣ мебошад.

 

Август 13, 2015 04:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад