Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Душанбе, 05.08.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ замони ӯ ва нақши он дар тамаддуни Осиёи Марказӣ» таҳти чунин сарлавҳа 5-6 сентябри соли равон ба ифтихори 700 -солагии мутафаккири бузурги Шарқ дар Душанбе симпозиуми байналмилалӣ баргузор мегардад.
Дар симпозиум донишмандону муҳаққиқон ва ҳамадонишиносони маъруф аз кишварҳои Русия, Амрико, Фаронса, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Ӯзбекистон ширкат варзида, маърӯза хоҳанд кард.
Бино ба иттилои Аскаралӣ Раҷабов -котиби масъули баргузории симпозиуми мазкур ба ифтихори ҷашни 700 -солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 5 сентябр дар Душанбе маҷлиси тантанавӣ баргузор гардида, интизор аст, ки дар он Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намояд.
6 сентябр симпозиуми байналмилалӣ дар шаҳри Кӯлоб идома ёфта, меҳмонон оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро, ки дар ин шаҳр воқеъ аст зиёрат намуда, ёдгориҳои қадимаи Ҳулбукро тамошо хоҳанд кард.
Бояд тазаккур дод, ки симпозиуми байналмилалӣ бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадафаш омӯзиши паҳлӯҳои мероси пурғановати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, таҳқиқи замони шоир, нақши ин мутафаккир дар рушди тамаддуни Осиёи Марказӣ ва Ҳинд мебошад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






