Синфхонаҳои адрасдӯзиву кашидадӯзӣ барои наврасону ҷавонони Бадахшон ва Рашт
Душанбе, 20.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дар истироҳатгоҳи солимгардонии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», воқеъ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои наврасони вилояти Бадахшон ва минтақаи Рашт, инчунин ҳамсолони суғдии онҳо барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешниҳод шуд, ки дар он масъулини вилояти Суғд иштирок намуданд.
Баъди анҷоми барномаи консертӣ масъулини вилоят аз синфхонаҳое, ки барои гузаронидани маҳфилҳои атласу адрасбофӣ, кашидадӯзӣ ва расмкашӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, боздид намуда, бо ҷараёни ҳунаромӯзии истироҳаткунандагон шинос гардиданд ва барои боз ҳам беҳтар намудани ҳолати синфхонаҳо дастурҳои мушаххас доданд.
Дар охир барои якояки наврасону ҷавонони ВМКБ ва ноҳияи Рашт сару либос тӯҳфа карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






