Суғд: омодагӣ ба кишти такрорӣ
Суғд, 05. 07. 2015 ( АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар хоҷагиҳои кишоварзии шимоли кишвар ҷараёни кишти такрорӣ босуръат идома дорад.
Чуноне ки ба АМИТ “Ховар” аз бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар доданд, то санаи 3 августи соли ҷорӣ кишоварзони вилоят дар майдони 13 763 га корҳоро ба иҷро расониданд, ки он 94,9 фоизи -и нақшаи дурнаморо ташкил медиҳад.
Алъон аз 12 шаҳру ноҳияҳои вилоят кишоварзони 10 минтақа бо мақсади истифодаи самараноки замин дурнамои кишти такрориро барзиёд иҷро намудаанд. Бояд гуфт, ки тибқи дурнамо имсол дар вилоят бояд дар майдони 14 500 гектар кишти такрорӣ гузаронида шавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






