Суғд: Таъмири беш аз 2500 км роҳ аз оғози сол
Суғд, 05. 07. 2015 ( АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар шимоли кишвар, соли равон тибқи барномаи вилоятии «Соли 2015 — идомаи соли роҳҳои обод» дар нақша таъмири беш аз 3100 км роҳҳои қаламрави вилоят дар назар аст, ки баҳри амалишавии он аз буҷаи вилоятӣ зиёда аз 91 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.
Тавре ки масъулин аз идораи таъмири роҳҳои вилояти Суғд хабар доданд, то 1 августи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 2517 километр роҳ аз таъмир бароварда шуда, аз он 49,68 километр пурра мумфарш, 919 километр роҳои маҳаллӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, 1547км роҳҳо шағалпӯш карда шудаанд.
Бояд гуфт, ки соли сипаришудаи 2014 дар қаламрави вилоят дар раванди барномаи мазкур ҳолати беш аз 2800 км роҳ беҳтар карда шудаст. Умуман дар якуним соли охир дар каламрави вилоят беш аз 5000 км роҳ таъмир карда шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






