Тадбирҳо барои баланд бардоштани маърифати молиявии мардум
Душанбе, 03.08.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ барои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ тавассути созмонҳо — шарикони молиявӣ барномаи фарогири молиявиро дар Тоҷикистон таҳким мебахшад», — зикр шуд зимни баргузории конфронси иқтисодии Душанбе, ки дар он намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар ташкилоти хурди молиявии қарзӣ ширкат доштанд.
Умед Латифов, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон татбиқи барномаи мазкурро қадами устуворе дар роҳи баланд бардоштани сатҳи молиявии қишрҳои гуногуни ҷомеа, сарфаю сариштакорона истифода намудани маблағ ва дигар пасандозҳо аз сӯи хонаводаҳо ва беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ арзёбӣ кард.
Зикр шуд, ки Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ бо мақсади татбиқи барномаи саводнокии молиявӣ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилот -шарикони молиявӣ — «Бонки Эсхата», «Аccessbank Tajikistan», Аввалин бонки қарздиҳии хурд, «Арванд», «Хумо», «Имон Интернэшнл», «Финка» силсилаи таҳқиқотро гузаронид. Таҳқиқоти аз ҷониби Гурӯҳи Бонкӣ ҷаҳонӣ оид ба саводнокии молиявӣ гузаронида шуда нишон дод, ки 40 фоизи пурсидашудагон тамоми даромади умумии худро сарф менамоянд ва танҳо нисфи онҳо мунтазам маблағи пулиро пасандоз мекунанд. Ғайр аз ин, беш аз 80 фоизи посухдиҳандагон бо истилоҳҳои асосии бонкӣ ошно нестанд ва тақрибан 90 фоиз дар бораи бюрои қарзӣ умуман иттилоъ надоранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






