Таркиш дар Чин боиси марги 42-нафар ва захмбардоштани 400-тани дигар гардид
Душанбе,13.08. 2015 (АМИТ «Ховар», Саидҷаъфар Ашӯрзод).-Бар асари таркиш дар анбори маводҳои моеи шаҳри Тянтсзини Ҷумҳурии Мардумии Чин 42-нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 400-тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Тавре хабар дода мешавад, дар натиҷаи ин таркиши мудҳиш ҳатто то масофаи 2 км тирезаҳои манзилҳои зист шикаста, бештар аз ҳазор нақлиёти гирду атрофи макони ҳодиса зарар дидаанд. Мутахаассисон ва кормандони Хадамоти оташнишонӣ изҳор доштаанд, баъд аз таркиши дар маҷмуъ 3-тонна тротил, дарҳол сӯхтор сар задааст.Дар ҷараёни амалиёти оташнишонӣ низ дар ин анбор чанд таркиши дигар ба қайд гирифта шудааст. Бо вуҷуди хомӯш намудани қисми бештари оташ, то ҳанӯз дар бораи 20-корманди Хадамоти оташнишонӣ, ки баъди таркишҳои такрорӣ нопадид гардида буданд, маълумоте дастрас нагардидааст. Масъулини шаҳри Тянтсзин дар мавриди дастгир шудани шахсони масъули анбор хабар додаанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






