Тирпарронӣ бо ҷалби шаҳрвандони дар эҳтиётбуда

Август 10, 2015 05:56

Душанбе, 10.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Ҷамъомади методию таълимие, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ҷалби бештари аҳолии қобили хизмат, доир карда шуд, нисбат ба солҳои қаблӣ аз ҳар ҷиҳат фарқкунанда буд. Зеро дар навбати аввал масъулини комисариати ҳарбии ноҳия бо шаҳрвандон сӯҳбату мулоқот карда, аҳамияти ташкилу гузаронидани ин қабил ҷамъомадҳоро дар тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ муҳим баррасӣ намудаанд.
Дар  ҷамъомад ҷавонони синну соли гуногун ва дигар шаҳрвандони дар эҳтиёт қарор дошта, бо навъҳои гуногуни яроқ шинос карда шуда, аз ҷониби масъулин тарзи дуруст итифода намудани яроқ ва қоидаҳои бехатарии он нишон дода шуд.
Зимни баргузории ҷамъомади навбатӣ аён гардид, ки сарбозону афсарони дар эҳтиёт қарор доштаи ноҳия маҳорату малакаи хуб нишон дода, дар  баҳадафрасонии тирҳо аз яроқҳои оташфишон низ пешсаф буданд. Умуман ҷамъомадҳои методию таълимӣ ва машғулиятҳои амалии саҳроӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд доир карда мешаванд, зеро шароти кӯҳии Тоикистон дар ташкилу гузаронидани ин қабил чорабиниҳо хело ҳам мусоид мебошад.

 

Август 10, 2015 05:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад