Туркманистон яке аз мавқеъҳои афзалиятнокро дар стратегияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ишғол мекунад
Душанбе, 20.08.2015. (АМИТ “Ховар”). — Ин нуқтаро имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни изҳороти матбуотӣ пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон дар шаҳри Ашхобод изҳор дошт.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд: «Мо дар самти тақвият ва таҳкими минбаъдаи шарикии Тоҷикистону Туркманистон ва диверсификатсияи соҳаҳо, самтҳо ва шаклҳои рушди мутақобилан судманди он манфиатдор ҳастем. Маҳз ин масоил мавриди таваҷҷуҳи баррасӣ ва гуфтушуниди мо бо Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов буданд, ки доираи васеи мавзуоти дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалиро фарогиранд».








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






