Ярмаркаи либосаҳои мактабӣ дар Конибодом
Душанбе, 13.08.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Бахшида ба фарорасии соли нави хониши 2015- 2016 аз 10- уми август дар шаҳри Конибодом ярмаркаи либосҳои мактабӣ оғоз ёфт.
Тавре ки Хадамоти матбуоти раиси вилоти Суғд хабар додаст, ярмарка имсол дар бозори навбунёди “Файзу баракот”, ки дар бинои коргоҳи консервабарории шаҳр воқеъ аст, ташкил карда шуд. Дар он ашёҳои хониш, либосҳои мактабӣ, пойафзолу ҷувздон ва ғайраҳо бо нархҳои нисбатан арзону дастрас аз ҷониби ҷамъияти матлуботи шаҳр ва соҳибкорони инфиродӣ ба фурӯш бароварда шудааанд.
Бозори нави “Файзу баракот”, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳр дар мавзеи бекорхобидаи коргоҳи консервабарорӣ ташкил ёфт, минбаъд ҳамарӯза фаъолият карда, фурӯши молу маҳсулоти зарурии рӯзгор, хӯрокворӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи мардум дар он ба роҳ монда хоҳад шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






