Ярмаркаи маҳсулоти ҳунармандӣ дар Душанбе
Душанбе, 31.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Рӯзҳои 5-6-уми сентябри соли равон бахшида ба ҷашни Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ярмаркаи маҳсулоти ҳунармандону косибон дар маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Ярмаркаи мазкур, ки бо ташаббуси Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии ғайридавлатии CESVI, Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи ҶТ дар доираи Лоиҳаи «Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва савдои боадолат» гузаронида мешавад, давоми ду рӯз маҳсули офаридаи ҳунармандон аз манотиқи мухталифи кишвар аз қабили кандакорӣ, сабадбофӣ, гулдӯзи, сӯзанидӯзӣ, нақшофарӣ дар маҳсулоти сафолӣ, зару зевари заргарӣ ва либосҳои миллӣ бо шаклу қолаби замонавӣ, молҳои рӯзғордорӣ, маҳсулоти чармин, армуғонҳои гуногун ба маъраз гузошта мешавад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






