1 тонна маводи мухаддир ба оташ партофта шуд
Душанбе, 14.09.2015. (АМИТ «Ховар»). Имрӯз дар оташдони КВД «Тоҷиктекстилмаш» беш аз 1 тонна маводи гуногуни нашъаовар дар оташ сӯзонида шуданд. Аз ҷумла 43 кг «героин», 128 кг «афюн», беш аз 310 кг. «бангдона», 401 кг. «ҳашиш», 18 бех ниҳолҳои худрӯйи «бангдона», 45 адад ҳабҳои нашъадор ва дигар намудҳои маводи мухаддиру воситаҳои психотропӣ несту нобуд карда шуданд.
Мувофиқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ дар нимсолаи аввали соли равон кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 1 тоннаву 377 килограмм маводи нашъадорро аз гардиши ғайриқонунии мусодира кардаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






