761 млн сомонӣ барои мусоидат ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани вазъи рӯзгори сокинони Турсунзода
Душанбе, 18.09.2015. (АМИТ «Ховар»). – “Дар давоми солҳои 2006-2014 ва ҳашт моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби бонкҳо ва дигар ташкилоти қарздиҳӣ ба аҳолии шаҳри Турсунзода ба маблағи умумии 761 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки ин иқдом ба рушди соҳибкории хурду миёна ва беҳтар намудани вазъи рӯзгори сокинон мусоидат менамояд”, — гуфт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва сокинони шаҳри Турсунзода.
Президенти кишвар афзуд, ки тибқи маълумот соли гузашта аз ҷониби корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 372 миллион сомонӣ ва дар ҳашт моҳи соли равон дар ҳаҷми беш аз 338 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст.
“Бинобар ин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзодаро зарур аст, ки доир ба масъалаи рушди соҳибкорӣ, ташкили коргоҳу корхонаҳои муосири истеҳсолӣ ва пайдо намудани сарчашмаҳои нави даромад мунтазам чораҷӯӣ намоянд”, — дастур дод Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






