Ҷаҳолати инсонфурӯшӣ дар «Давлати исломӣ»
Душанбе, 11.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» шахсони асиргирифтаро ба фурӯш гузоштааст.
Тавре расонаҳои хориҷӣ иттилоъ медиҳанд, ҷангиёни ин гурӯҳи ифротӣ дар сомонаҳои интернетӣ акси шаҳрванди 48-солаи Норвегия Оли Ёхан Гримсгардофстодро, ки дар асорати онҳост, интишор намуда, ба фурӯш гузоштаанд. Ҳукуматдорони Норвегия изҳор доштаанд, ки Оли Ёханро аз ҷангиён харидорӣ нахоҳанд кард. Зеро, ба таъкиди онҳо дар сурати харидории Ёхан, тундгароён кӯшиш мекунанд, ки дар оянда низ боз шаҳрвандони ин кишварро рабоянд. Ҷангиёни гурӯҳи ифротии «Давлати исломӣ» ҳамчунин асири дигари худ, шаҳрванди 50-солаи Чин Фен Тсинхуаро ба фурӯш гузоштанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






