Абдураҳмон Маҳмадов: «Тоҷикистон кишвари соли 1992 нест, мардумони он барои Тоҷикистон ҳастии худро фидо мекунанд»

Сентябрь 19, 2015 06:02

Душанбе, 19.09.2015. (АМИТ «Ховар»). -Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ профессор Абдураҳмон Наврӯзович Маҳмадов зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба заминаву омилҳои сар задани ҷиноят ва хиёнати собиқ муовини вазири мудофиаи мамлакат Абдуҳалим Назарзода  андешаҳои худро баён дошт.
А.Маҳмадов аз ҷумла зикр кард, ки: «Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати сулҳофарӣ аст, маҳаки асосии пешравии давлати мо дар ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ аст. Чанд ҳодисае, ки вақтҳои охир ба амал омадаанд, боиси нигаронии ҳукумати мамлакат ва  шаҳрвандони он шуд. Собит гардид, ки дар арсаи байналмилалӣ барои паст бурдани нуфузи як кишвари алоҳида як нафар ҳам метавонад коре кунад, ки нуфузу эътибори ин ё он кишварро паст занад. Аз ҷумла, пеш аз хоинии собиқ вазири мудофиаи Тоҷикистон бо номи хоҷӣ Ҳалим, як полковники дигари Вазорати корҳои дохилии мамлакат бо номи Гулмурод Ҳалимов низ хиёнат ба халқу Ватан карда, ёғӣ шуда, ба гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» ҳамроҳ гардид ва дар ҷангҳои Сурия иштирок кард, ки ин зарбаи сахте буд ба ному шарафи Тоҷикистони азиз. Ин ҳодисаҳо, албатта, таассуфовар мебошанд».
Дар идомаи суҳбат Абдураҳмон Маҳмадов таъкид кард, ки: «Моро мебояд дар ҳама муассисаҳои таълимӣ- аз боғчаи кӯдакона сар карда, то макотиби олӣ корҳои таълиму тарғиботиро пеш барем. Бояд иқрор шавем, ки воқеан ҳам ҳодисаҳои рӯйдода фоҷеаи миллатанд, зеро имрӯз ҳар нафаре, ки сулҳу салоҳро дар Тоҷикистон халалдор мекунад, на танҳо хиёнаткор, балки душмани асосии миллати тоҷик аст. Агар ин нафарони хиёнаткор одамони муқаррарӣ мебуданд, мегуфтем, ки онҳо ақлу фаҳмиши кофӣ надоранд, вале ин нафарон онҳоеанд, ки вазифаҳои баланди давлатӣ доштанд ва онҳо бо амали нангини худ на танҳо хиёнат ба касб карданд, балки хиёнат ба миллат, хиёнат ба Ватан карданд. Аз ин нуқтаи назар инҳо бояд, ки шадидан маҳкум карда шаванд. 
Пурсида мешавад, ки ин ҳама воқеаҳои рухдодаро чӣ ном бояд кард? Чӣ гуна ба мардум бояд фаҳмонд? Дар арсаи байналмилалӣ, дар дигар кишварҳо, воқеаҳои охире, ки дар Тоҷикистон рӯй доданд, чӣ гуна баҳогузорӣ мешаванд? Шояд дар хориҷа тааҷҷуб кунанд, ки чӣ тавр ҳукумат ба ин нафарон бовар кардааст? Воқеан ҳам вақте созишномаи сулҳ имзо шуд, тарафҳо бо ҳамдигар ба созиш омаданд, ба ҳамдигар бовар карданд, тарафи ҳукумат ҳеҷ боварӣ надошт, ки баъди 15-18 сол ин хиёнаткорон боз аз сари нав сар боло мекунанд ва мардумро дар ташвиш мегузоранд. Яъне, онҳо аз боварии ҳукумат ноҷавонмардона сӯйистифода карданд. Тавре ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, хиёнаткорон аз вазоратҳои қудратӣ баромада истодаанд, ки ин ҳолат бояд боиси ташвиши ҷиддӣ бошад. Ҷобаҷогузории кадрҳо дар вазоратҳои қудратӣ бояд аз рӯи касб, ҳунару малака сурат гирад. Воқеаҳои охири рӯйдода бояд дарс барои тамоми вазоратҳои қудратӣ ва сабақи талх барои тамоми сокинони кишвар бошанд. Тоҷикистону мардуми Тоҷикистон баъд аз ду даҳсола акнун аз ҳолати вазнини равонӣ берун баромада буданд. Ҳар бегоҳ дар Душанбе кӯдакон бо ҳамроҳии волидони худ сайругашт мекунанд, вале бо сар задани он ҳодисаи мудҳиш аз намози шом сар карда, кӯчаву хиёбонҳо холӣ шуданд. Шаҳри Душанбе бе кӯдакону ҷавонон як шаҳри холӣ аст. Зеби пойтахти мо ҷавонону кӯдаконанд. Аммо даҳ рӯзе, ки ҷинояткорону хиёнаткорон силоҳ ба даст гирифта, бар зидди халқу Ватани худ бархостанд, рӯҳияи сокинон озурда, хотирашон парешон гашт».
Тоҷикистон имрӯз яке аз марказҳои фаъоли сиёсии ҷаҳон гаштааст, — гуфт А.Маҳмадов ва илова кард, ки: «Дар ин чанд рӯзе, ки вазъ дар Тоҷикистон начандон ором буд, сарони кишварҳои аъзои СААД ба Душанбе омаданд. Ин ишора ба он буд, ки Душанбе на танҳо  пойтахти тоҷикон, яке аз марказҳои фаъоли сиёсӣ аст, балки таваҷҷуҳ ва эҳтироми сиёсатмадорони ҷаҳонӣ ба кишвари мо ва ба роҳбари мо Эмомалӣ Раҳмон хеле зиёд аст. Ин нишонаи он аст, ки имрӯз Тоҷикистон танҳо нест ва сиёсати пешгирифтаи Президенти кишварамонро дигар кишварҳо ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд». Абдураҳмон Маҳмадов мегӯяд, ки Тоҷикистон дигар он кишвари соли 1992 нест. Ман бовар дорам, ки сокинони мамлакат якдилонаву сарҷамъона, бо тамоми ҳастӣ марзу буми Тоҷикистон, манфиатҳои давлативу миллиро ҳимоя мекунанд. Аз ин нуқтаи назар он ҳодисаҳои ногуворе, ки шуда гузаштанд, ҳама мардум онро бо тамоми ҳастӣ маҳкум мекунанд. Дар баробари ҳамин бояд замина ва сабабҳои сар задани чунин ҳодисаҳои нангин омӯхта шуда, натиҷаҳои он барои ҷомеа пешниҳод шаванд, то ин ки чунин ҳодисаҳои фоҷеавӣ дигар такрор нашаванд.    

 

Сентябрь 19, 2015 06:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Чӣ гуна худ ва атрофиёнро аз чангу ғубор муҳофизат намоем?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои фоиданокӣ қаламфури булғориро бе коркард, дар шакли тару тоза истифода баред
Дар шаҳри Бӯстон сохтмони корхонаи муосири забҳи парранда идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо гузашти 28 сол аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисодии Тоҷикистон бештар эҳсос мешавад
Фаъолияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ яке аз воситаҳои муассири таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад
Муовини Раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода: «Мардум ба Пешвои миллат боварӣ ва эътимод дорад»
Тоҷикистон дар партави ваҳдати миллӣ ба сӯи шукуфоии нав қадам мегузорад
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПОЯИ ҲАСТИИ ДАВЛАТ ВА НЕРУИ СОЗАНДАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб