Адвокати қаллоб

Сентябрь 29, 2015 05:35

Душанбе, 29.09.2015. (АМИТ «Ховар»).-Шаҳрванд Ёров Бузургмеҳр Равшанович, санаи таваллудаш 09 июли соли 1971, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи М.Миршакар, хонаи №66, дар вазифаи адвокати Коллегияи адвокатҳои ҶТ фаъолият намуда, бо роҳи қаллобӣ аз шаҳрвандон маблағҳои махсусан калони пулиро тасарруф намудааст. Чунончи, тахминан моҳи июли соли 2010 ба бовари шаҳрванд Бозоров Комилҷон, сокини ш. Истаравшан, кӯчаи Ғозиев, хонаи № 43 даромада, бо сӯйистифода аз ҳолати оҷизӣ ва вазъияти шадиди ноилоҷии охирин, ваъда додааст, ки бинобар доштани шиносҳои зиёд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ метавонад писари охирин, яъне Бозоров Дилшод Қомилҷоновичро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо моддаи 32 қисми 3 (Сӯиқасди ҷиноят), 104 қисми 2 банди “ё” (Одамкушӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намояд. Сипас, аз дасти К.  Бозоров маблағи баробар ба 4000 (чор ҳазор) доллари ИМА-ро гирифта, ба манфиати худ сарф намуда, ягон кумаки ҳуқуқӣ нарасонидааст.
Инчунин талони муоинаи техникиро қалбакӣ сохта истифода намудааст. Бинобар ин, бо дастрасии моддаҳои 140, қ.6 м.145 ва 146 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 247 (Қаллобӣ) ва 340 (Сохтакорӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Б. Р Ёров парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.
Аз тамоми шаҳрвандоне, ки аз чунин кирдорҳои ҷиноятии Б. Р. Ёров зарари моддию маънавӣ дидаанд, хоҳиш карда мешавад, ки ба телефонҳои боварии  221-21-21 ва 221-08-30 ба Вазорати корҳои дохилии ҶТ муроҷиат намоянд.

 

Сентябрь 29, 2015 05:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд