Ҷаласаи ғайринавбатии диаспораи тоҷики Санк-Петербург баргузор гардид
Душанбе, 11.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо иштироки намояндагони ҷамъиятҳои «Аҷам», «Сомониён», «Мардумони Помир» ва ташкилоти ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии Осиёи миёна «ШИТ» ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои ҳамоҳангсози диаспораҳои тоҷики Санкт-Петербург баргузор гардид. Роҳбари Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораҳои тоҷики шаҳри Санкт-Петербург Бердов Бахтибек Худойбердиевич оид ба фаъолияти гурӯҳи ҷиноятпешаи Назарзода Абдуҳалим ва ҳаммаслакони ӯ баромад карда, амалҳои ҷиноятии онҳоро, ки ба муқобили манфиатҳои миллии давлати Тоҷикистон равона шудааст, маҳкум кард.
Иштирокдорони ҷаласа якдилона амалиёти зиддитеррористии мақомоти корҳои дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии кишварро дастгирӣ карда, тақозо намуданд, ки фаъолияти минбаъдаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳамчун созмони тарғибгари терроризму ифротгаро манъ карда шавад. Муҳоҷири корӣ Маҳмадёр Нуров изҳор кард, ки фаъолияти ваҳшиёнаи гурӯҳи ҷиноятпешаи ҳоҷӣ Ҳалим ва ҳамроҳони ӯ, кӯшишҳои номувафаққонаест,барои паст задани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ. Аммо, онҳо ба мақсади худ намерасанд, зеро мо тоҷикону тоҷикистониён намегузорем, ки элементҳои терроризми байналмилалӣ дар симои ҲНИТ, ҳамчун ҷонибдори гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» дар Ватани мо фаъолият дошта бошанд. «Мубориза бо ин гурӯҳҳо вазифаи муқаддаси ҳар як шахси солимфикри Тоҷикистон мебошад», — таъкид кард М.Нуров.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






