Ҷаласаи шашуми Муколама оид ба ҳуқуқи инсон миёни Тоҷикистон ва Швейтсария
Душанбе, 21.09.2015 (АМИТ «Ховар»).- 18 сентябри соли 2015 ҷаласаи шашуми Муколама оид ба ҳуқуқи инсон байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария дар пойтахти Швейтсария- шаҳри Берн баргузор гардид. Ҳайати расмии Тоҷикистонро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Ҷ. Ҳомидов, сардори Раёсати кафолатҳои конститутсионии шаҳрвандони Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — М. Ашуриён ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон — З. Ализода муаррифӣ намуданд.
Дар ҷаласа ҷонибҳо вазъи ҳуқуқи инсон дар ҳар ду кишварро муҳокима карда, оид ба масъалаҳои ҳукми қатл, гендерӣ, муҳоҷират ва пешгирии шиканҷа мубодилаи афкор намуданд.
Инчунин пас аз анҷоми ҷаласаи асосӣ барои ҳайати Тоҷикистон боздид аз яке аз ҳабсхонаҳои Швейтсария ҷиҳати шиносоӣ бо шароитҳои нигоҳ доштани маҳбусон ташкил шудааст.
Баргузории ҷаласаи навбатии Муколама оид ба ҳуқуқи инсон байни Тоҷикистон ва Швейтсария дар соли 2016 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






