Ҳалокати кӯдакон аз беэҳтиётии ронандагон

Сентябрь 21, 2015 06:35

Душанбе, 21.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Рӯзҳои истироҳатии 19-20-уми сентябр 6 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он 8 нафар ба ҳалокат расид, ки аз инҳо 2 нафараш хонандаи муссисаҳои таълимӣ мебошад. Ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, сокини 44-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Фирдавсӣ ба самти кӯчаи Гипроземи шаҳри Душанбе бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба мошини тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронандаи 52-солаи шаҳри Душанбе бархӯрда, пас аз он пиёдагарди ноболиғ, писарчаи 9-соларо пахш намуд. Писарбачаи хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ фавтид. 
Ҳамин тариқ дар ин рӯз, ронандаи мошини тамғаи “ВАЗ-21010”, сокини 49-солаи шаҳри Истиқлол ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи С. Айнии ҳамин шаҳр бехатарии ҳаракатро таъмин карда натавониста, пиёдагарди ноболиғ, писарбачаи 8-соларо пахш намуд. Дар натиҷа хурдсол, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
Рӯзи 19-уми сентябр ронандаи мошини “Опел-Астра”, сокини 28-солаи ноҳияи Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Қурғонтеппа дар ҳудуди ноҳияи Хуросон бехатарии ҳаракатро таъмин карда натавониста, ба мошини самти муқобил- “Опел-Астра” бархӯрд. Ронандаи мошини дуюм ва мусофири он ҷавони 26-сола ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Ҳамин тавр, ронандаи мошини “Мерседес-Бенс”, сокини 27-солаи ноҳияи Ёвон, бе ҳуҷҷатҳои ронандагӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Рӯдакӣ ба самти ноҳияи Ёвон, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Обшорон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрд.  Дар натиҷа, мусофирони мошини мазкур: зани 73-сола ва марди 50-сола ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Худи ронанда ва дигар мусофирон: зани 72-сола, марди 25-сола ва духтарчаи 5-сола, сокинони ноҳияи Ёвон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона хобонда шуданд. 
Ҳамин тариқ, дар ин рӯз, ронандаи мошини “Опел-Зафира”, сокини 35-солаи шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди “Конибодом-Хуҷанд, дар ҳудуди деҳаи Қарачиқум бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба мошини тамғаи “ДЭУ-Матис”, таҳти идораи ронандаи 27-сола бархӯрд. Дар натиҷа, ронандаи мошини  тамғаи “Опел-Зафира” ҷароҳати вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Мусофири мошини мазкур сокини 47-солаи Конибодом ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона хобонида шуд. 

 

Сентябрь 21, 2015 06:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад