Ҳамоиши намояндагони кумитаҳои миллии олимпии ИДМ, кишварҳои Балтика ва Гурҷистон дар Ереван
Душанбе, 29.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Рӯзҳои 29-30 сентябр дар Ереван ҳамоиши намояндагони кумитаҳои миллии олимпии ИДМ, кишварҳои Балтика ва Гурҷистон баргузор мешавад.
Ин ҳамоишро Кумитаи миллии олимпии Арманистон бо дастгирии барномаи «Ҳамраъйии олимпӣ» дар ҳамкорӣ бо ҳамонҳангсози ҳамоишҳои ИДМ ташкил кардааст. Дар ҷараёни мулоқоти дурӯза ширкаткунандагони ҳамоиш роҷеъ ба роҳҳои шавқовари рушди ҳаракати олимпӣ дар кишварҳои худ, дар бораи барномаҳои миллии зидди доруҳои мамнуъ маърӯзаҳо карда, масоили ҳалталаби инкишофи ҳаракати олимпиро баррасӣ менамоянд, инчунин оид ба омодагии дастаҳои мунтахаб ба Бозиҳои олимпӣ табодули таҷриба мекунанд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш мушовири КМО, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов намояндагӣ мекунад. Маърӯзаи ӯ ба мавзӯи «Саҳми хабарнигорони варзишӣ дар рушди ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон бахшида шудааст.
Ба иттилои котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Арманистон Грачя Ростомян дар ҷараёни ин ҳамоиш рӯзи 29 сентябр ба муносибати ҷашни 25-солагии КМО Арманистон маросими кушоиши бинои нави қароргоҳ ва Маҷмааи олимпӣ (Олимпаван) дар Давидашен доир мешавад.
Дар маросим президенти Кумитаи олимпии Аврупо Патрик Хикки ва раиси Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ, ки ҳамзамон президенти Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) мебошад, иштирок хоҳанд кард.
Ба гуфтаи ҷаноби Ростомян шоми сешанбе дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Александр Спендиаряни шаҳри Ереван ҷаласаи ботантана бахшида ба Рӯзи таъсиси КМО Арманистон доир мешавад. Дар ин чорабиниҳо Патрик Хикки ва Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ, роҳбарони кумитаҳои миллии олимпии ИДМ, кишварҳои Балтика ва Гурҷистон, инчунин меҳмонони даъватшуда ширкат меварзанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






