Ҷангии «Толибон» дар Қундуз 14 ҳаммаслаки худро маҳв кард

Сентябрь 2, 2015 03:00

Душанбе, 02.09.2015. (АМИТ «Ховар»). – Дар музофоти Қундузи Афғонистон дар натиҷаи ҳамла аз ҷониби собиқ аъзои гурӯҳи «Толибон», ки ба ҷониби нерӯҳои ҳукуматӣ гузашта буд, 14 ҷангии толиб маҳв карда шуд.
Бино ба иттилои хабаргузории «Пажвок» ин ҳамларо сокини ноҳияи Имомсоҳиб бо номи Абдулатиф бо даъват кардани ҷангиён ба меҳмонӣ ташкил кард. 
Ҳамлаи ташкил намудаи соҳибхона бо ҳаммаслаконаш барои толибон ногаҳонӣ буд, ки натавонистанд вазъиятро бифаҳманд ва ба ду ҳамлагар муқовимат нишон диҳанд. Хабар дода мешавад, ки ба сафи кушташудагон қумандон мулло Баз Муҳаммад низ шомил буд.
Бо маслиҳати ҳамроҳаш Абдулатиф ба маркази ноҳия рафта, худро ба полис таслим карда, силоҳҳои аз толибони кушташуда гирифтаро низ супоридааст.

 

Сентябрь 2, 2015 03:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад