Ҷараёни амалиёти махсус дар Ромит: 3 нафар аъзои фаъоли гурӯҳи террористии ҳоҷӣ Ҳалим дастгир гардиданд
Душанбе, 14.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Марказҳои матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки рӯзи 13-уми сентябри соли 2015 аз ҷониби кормандони ВКД, КДАМ ва дигар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ зимни гузаронидани амалиёти махсус дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат 3 нафар аъзои фаъоли гурӯҳи террористии Назарзода Абдуҳалим Мирзо (ҳоҷӣ Ҳалим) дастгир гардиданд.
Инчунин аз ин гурӯҳи ҷиноятпеша як автомати «АКМ», як таппончаи «Макаров» ва миқдори зиёди лавозимоти дигари ҷангӣ дарёфт ва мусодира шуд.
Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ барои ҳамкории фаъолона ва расонидани кумак ҷиҳати дастгир намудан ва несту нобуд гардонидани гурӯҳи ҷиноятпешаи Назарзода А.М. ба шаҳрвандон миннатдории худро изҳор менамоянд.
Хотиррасон менамоем, ки касоне, ки яроқу аслиҳа ва дигар лавозимоти ҷангиро муайян намуда, ихтиёран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ месупоранд ё хабар медиҳанд, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.
Амалиёти якҷояи сохторҳои қудратии кишвар дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат оид ба безарар гардонидани аъзои гурӯҳи террористии Назарзода А.М. идома доранд.
Телефони боварӣ: 221-21-21, 227-98-98.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






