Артиши Сурия дар наздикии Палмира ҳамлаи силоҳбадастонро зада гардонид

Сентябрь 16, 2015 05:33

Душанбе, 16.09.15. (АМИТ «Ховар»). — Артиши  Сурия  се  километр  дуртар  аз шаҳри Палмираи Сурия  ҳамлаи  дастаҳои  гурӯҳи  террористии «Давлати  исломӣ» — ро  зада  гардонид. Назар  ба  иттилои РИА Новости,  дар  ҷараёни  муҳориба шаш  нафар  силоҳбадастон  кушта  шуданд. Мавқеъҳои  пешсафи  артиши  Сурия  дар  масофаи аз 4 то  7  километр  дуртар  аз   шаҳри таърихии  Палмира қарор  доранд. Террористон  ҳамарӯза  кӯшиш мекунанд, ки  бо  истифода  аз  гурӯҳҳои  махсус  иборат  аз  12  нафар ба  мавқеъҳои низомиёни  Сурия ҳамла  оранд.
«Мо  тавонистем, ки  ҳамлаи  террористонро  зада гардонем. Камаш  шаш нафар  силоҳбадастон  ва як  танки  душман   нест  карда шуд», —  гуфт  яке  аз  афсари  артиши  Сурия. 
Рӯзи  чорум  аст, ки  амалиёти  ҳарбӣ  дар  16  километрии шаҳри  Палмира  дар  наздикии  конҳои  нафти Ҷазал, аз  як  тарафи шаҳри  бостонӣ ва Тал — Абияд,  аз  тарафи дигар,  идома  дорад. 
Ҷангиёни  ДИ 12  май иборат  аз  2 — 2,5  ҳазор нафар бар  асари  ҳамла  шаҳри  Палмираро  ишғол  намуда буданд. Ифротиён  баъди  истилои  ин  шаҳр   димнаҳои таърихиро  минагузорӣ  намуда,  се  маъбади қадимиро  таркониданд. 
Муҳофизони  шаҳр  сарфи  назар  аз  бартарияти  қувваҳои  душман тайи 8 рӯзи  мудофиа қариб 600  нафар  силоҳбадастонро нобуд  сохтанд. Дар  ҷараёни  муҳориба  85  нафар  ҷанговарони  Сурия ҳалок ва 80  нафари онҳо захмӣ  гардида, 50  нафарашон  бедарак шудаанд. 

 

Сентябрь 16, 2015 05:33

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид