«Қатли Туғрал»

Сентябрь 18, 2015 04:54

            Душанбе, 18.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ба ифтихори 150-солагии шоири шаҳири тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, ки соли равон бо ҳидояти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷашн гирифта мешавад, нашриёти «Адиб» дар чопхонаи «Озар» маҷмӯаи Шоири халқии Тоҷикистон Қутбӣ Киромро таҳти унвони «Қатли Туғрал» мунташир намуд. Муҳаррири маҷмӯаи мазкур Гулназар -шоири шинохтаи тоҷик аст. 
          Дар маҷмӯа ду асари Шоири халқии Тоҷикистон Қутбӣ Киром-очерки бадеии «Қатли Туғрал» ва саҳнаномаи «Тири маломат» гирд оварда шудааст. Мавриди зикр аст, ки асари мазкур бори нахуст соли 1992 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» нашр гардидааст. Саҳнаномаи «Тири маломат» ҳам дар ҳамон солҳо офарида шуда, аз ҷониби коргардон Адуҳафиз Қодирӣ дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов  пешкаши тамошобинон гардида буд.  
           Очерки бадеии  «Қатли Туғрал» ва саҳнаномаи «Тири маломат» нигоштаҳоеанд аз тасвири  лаҳзаҳои рӯзгор  ва симои пурғуруру ҷасуронаи шоири тавонои  охири қарни XIX  ва ибтидои садаи XX -и адабиёти тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ.
Муаллиф дар ин роман саргузашти талхи Нақибхои Туғрали Аҳрориро   таҷассум намудааст. Ҳар ду асар ба як мавзӯъ -бо тӯҳмату иғво ба қатл расонидани шоири тавонои тоҷик -Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ бахшида шуда, вале дар асл онҳо мустақил буда, дар боҳамӣ симои пурғуруру далеронаи шоирро пеши назар меоранд. 

 

 

Сентябрь 18, 2015 04:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа