Аз ҷанг беш аз ҳама модарон ранҷ мебинанд

Сентябрь 21, 2015 09:03

Душанбе, 21.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар мулоқоти раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидирзода Мағфират бо занону духтарони шаҳри Роғун зикр гардид, ки бар асари ҷанг аз ҳама бештар модарон зарар мебинанд. Баъд аз мулоқот занону бонувони шаҳри Роғун муроҷиатнома қабул карданд, ки дар он аз ҷумла омадааст: 
«Модар тоқати марги фарзанду наздиконашро надорад, хоҳиши онро ҳам надорад, ки фарзандаш қотил  бошад. Модари тоҷик, ҳатто дар марги ашаддитарин душманаш хун мегиряд. Ҳодисаҳои солҳои навадум, ҳаргиз аз ёди мо, модарон фаромӯш нахоҳанд шуд ва захмҳои бардоштаамонро аз ғами фарзандону ҳаммиллатонамон бо худ ба хок хоҳем бурд. Агарчанде мо инро намехоҳем, аммо ҳама вақт ба сӯи Худованд дуо мекунему мегӯем: «хонаи ҷангҷӯ вайрона бод». Ҳанӯз чеҳраи наздикони шаҳидамон аз пеши назарамон дур нашудаасту оби дидаҳоямон  нахушкида, аммо боз бадхоҳони миллат моро дар симои хоинону ватанфурӯшоне, чун Назарзода Абдуҳалим ба вартаи ҷангу хонахаробӣ тела додан мехостанд.  Мо, албатта, ҳамчун модар, ҳолати модаронеро, ки фарзандонашон фирефтаи найранги  ҳоҷӣ Ҳалим гардидаанд, хуб дарк менамоем. Афсӯс, ки бар ивази шири сафеди модар, хоинони ташнаву гушнаи ҳирс хуни модару бародарони худро  рехтан мехоҳанд. Ин нафарон зархариди аҷнабиён ҳастанд ва мутаассифона, дини мубини исломро ба худ ниқоб кардаанд. Сухани Худову пайғамбар аст, ки:  «Аз касе, ки падару модар норозӣ аст, Худо аз ӯ норозӣ аст», ҳеҷ як қотилу вайронкорро ислом намепазирад, қасд ба хуну ба моли дигарон кардан-  мавриди лаънати Худо қарор гирифтан аст.             
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ақидаҳои хайрхоҳона ва хирадмандонааш миллати тоҷикро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун миллати ботамаддун муаррифӣ мекунад, аммо баъзе аз кӯрдилони миллат, ба монанди Абдуҳалим Назарзода, Умаров Ҷунайдулло ва дигарон мехоҳанд моро ҳамчун миллати ҷангҷӯву иғвогар нишон диҳанд. Аз амали хоинонаву нобахшидании онҳо чандин хона бесаробон, чандин модар бефарзанд, чандин зани пурҳасрат бешавҳар ва чандин тифли маъсум бепадар монд. 
Бояд ба дигарон ибрат бошад, ки бадхоҳи касонро чӣ рӯзе интизор аст, ҳоҷӣ Ҳалиму ҳаммаслаконаш дар дунё ба сазои кирдори худ расиданд, аммо назди Худованд чӣ ҷавоб медода бошанд? 
Дар паси ин қазия  нафароне ба монанди Кабирию дигарон ҷой доранд. Пурсида мешавад, ки дар лаҳзаҳои сангини миллат куҷо буданд, ин даъвогарони миллат, чаро аз ҳоли дардманду гуруснае напурсиданд? Ҳазорон нафар аз пои наҳси онҳо қурбон шуданд, аз ҳолу аҳволи фарзандони онҳо магар боре пурсиданд? Ин Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллатро соҳибӣ кард, ҳатто наздикони ин хоинони миллатро парасторӣ намуду худи онҳоро бо вуҷуди гунаҳгор буданашон авф намуду вазифа дод, аммо: «Оқибат гургзода гург шавад, гарчӣ бо одамӣ бузург шавад».
Дини мубини ислом дар ягон давру замон ба ҳеҷ ҳизбу ҳаракате ниёз надошт, агар лозим мешуд, дар замони Имоми Аъзам, албатта, он ҷорӣ карда мешуд. Ин баръало аст, ки гурӯҳҳои сиёҳкор зери ниқоби ислом ҳадафҳои нопоки худро амалӣ сохтанианд. Аммо мардуми  дурандешу  заҳматкашидаи тоҷик инро дарк намуда, дар интихоботи  имсола бо раъйи худ исбот намуданд, ки чунин ҳизб ба ҷомеа лозим нест. Мардуми як бор фиребхӯрда дигар тоқати аз дасти ҲНИТ кашидани ранҷ ва дидани марги фарзандашро надорад. Дар давоми   фаъолияташ ин ҳизб киро тарбияи дуруст кард, ба кӣ кумак кард, ба дарди кӣ даво шуд, аммо сарваронаш миллионер шуда рафтанд. Пешвоёни ин ҳизб мағлубияти маданиашонро дар интихоботи имсола бо хун рӯйпӯш карданӣ шуданд, аммо ба хуни худ гирифтор гаштанд.   
Модари тоҷик мардони майдони фарҳангу маърифат ба дунё меовард, пас биёед фирефтаи дурӯғу қурбони ҳадафҳои сиёсиии душманони  хориҷиву дохилӣ нашавем.
Мо, модарони Роғуншаҳр рафтори хиёнаткоронаи Назарзода Абдуҳалим ва дигар ҳамаслакони ӯро шадидан маҳкум менамоем. Мо ба сиёсати имрӯзу фардои Президенти кишвар эътимод дорем ва Ватанамонро дӯст медорем. Аз дилу ҷон баҳри ободии Ватан кӯшиш менамоем!».

            

 

 

Сентябрь 21, 2015 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Чӣ гуна худ ва атрофиёнро аз чангу ғубор муҳофизат намоем?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои фоиданокӣ қаламфури булғориро бе коркард, дар шакли тару тоза истифода баред
Дар шаҳри Бӯстон сохтмони корхонаи муосири забҳи парранда идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо гузашти 28 сол аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисодии Тоҷикистон бештар эҳсос мешавад
Фаъолияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ яке аз воситаҳои муассири таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад
Муовини Раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода: «Мардум ба Пешвои миллат боварӣ ва эътимод дорад»
Тоҷикистон дар партави ваҳдати миллӣ ба сӯи шукуфоии нав қадам мегузорад
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПОЯИ ҲАСТИИ ДАВЛАТ ВА НЕРУИ СОЗАНДАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб