Ба истифода додани хонаҳои навбунёд барои зарардидагони офати табиӣ дар Тоҷикобод

Сентябрь 22, 2015 05:22

Тоҷикобод, 22.09.2015 (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-21 сентябри соли ҷорӣ  вазири  кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмадтоир Зокиров бо як ҳайати корӣ  ба ҷамоати деҳоти  Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод рафта, дар маросими ба истифода додани 10 бинои истиқоматӣ ба зарардидагони офати табиӣ  иштирок кард ва ба оилаҳои зарардида калиди хонаҳои истиқоматиро супорид.
  Ёдрас мешавем, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод  аз лаҳзаҳои  нахустини омадани сел дар  ҷамоати мазкур дар якҷоягӣ бо Ситоди доимии ҷумҳуриявӣ дар минтақаи Рашт ҷиҳати пешгирӣ ва бартарафсозии офат аз тамоми имкониятҳо истифода карда, мардуми деҳаҳои Мазори боло ва Мазори поёни ҷамоати деҳоти  Лангари шоҳро ба ҷойҳои бехавф кўчонид.
Аз ҷониби ШСХК «Барқи тоҷик» 21 симчўб ва 5. км ноқили барқӣ дастрас гардида, хати интиқоли неруи барқ барқарор ва дар ҷойҳои зарардидаи деҳаи Мазори боло аҳолии деҳа бо барқ таъмин карда шуд. Ҳамзамон дар маҳаллаи нав як трансформатор бунёд ва симчӯбҳо насб гардида, аҳолӣ бо  барқ таъмин аст.

 

 

 

Сентябрь 22, 2015 05:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!