Бақои миллат муҳим аст

Сентябрь 14, 2015 11:55

         Душанбе, 14.09.2015. (АМИТ “Ховар”). — Вақтҳои охир ҳар коршиносу ношинос сиёсатмадору бесиёсат гирду атрофи ҲНИТ ва фаъолияти он дар давраи муайян ва ниҳоят  масъалаи баста шудани он гапу бофтаҳои зиёд мегўянд. Хусусан дар доираи мухоҷирон ин масъалаи баҳси хеле домандор аст. Ҳар кас дониставу надониста бо назардошти он ки андешааш  ҳақ аст, дар ВАО мулоҳизаронӣ  мекунад. Дар асл бошад ВАО хусусӣ ин масъаларо танҳо барои сирф ба даст овардани манфиатҳои иқтисодӣ, яъне ба фуруш баровардани рўзномаҳояшон мавриди баҳс қарор медиҳанд ва ин амал дар даврони бозоргонӣ ягон ҷиноят ҳам нест ва бояд чунин бошад. Дар бораи маҳдуд будани озодии сухан ва ҳуқуқи фаъолияти аҳзоби сиёсӣ менависанд, вале ба табъи дилашон ҳарфи маъқулро рўи коғаз меоранд, дастрасӣ мардум мегардонанд ва боз дар бораи маҳдуд будани ҳуқуқ, озодии сухан гап мезананд. Агар ҳамон озодии сухан намешуд фикру андешаҳои гуногун, гапҳои пасту баланд чоп намешуданд ва чунин раванд аломати демократия аст. Аммо фаъолияти аҳзоби сиёсиро бояд ба тарзи дигар назар кард, зеро он на ширкат ё ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд, балки ин ҳизбе ки дорои салоҳияти ҳуқуқҳои зиёди идеологӣ-сиёсӣ буда, ҳадафи на танҳо иштирок дар сиёсат, балки иддаои ба даст овардани ҳокимияти давлатӣ ва гирифтани тақдири мардумро дорад. Бинобар ин беаҳамиятӣ нисбат ба тақдири мардум оқибати нангин хоҳад дод. 
       Дар ҷаҳони имрўза абарқудратҳои ҷаҳонӣ новобаста аз таблиғи демократия барои кишварҳои рў ба тарақӣ ё тозаистиқлол, дар кишварҳояшон барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ доираи фаъолияти аҳзоби сиёсиро маҳдуд ва ҳатто қатъ мекунанд ва ин як амали муқаррарӣ аст.
       Роҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ фақат ишора ба зулми давлат дар ҳақи наҳзат ва паёмадҳои инқилобҳои навро барои кишварҳои Осиёи Миёна пешгўи карда истодааст. Вале барои пиёда кардани манфиати гуруҳҳои сиёсӣ онҳо ягон низоми мавҷударо қабул карда наметавонанд ва ин гуруҳҳоро ягон низоми давлатдорӣ қонеъ намекунад, зеро вазифаи онҳо танқиди ҳамагуна низоми сиёсӣ ва қонунгузории ҳар кишвар аст.
          М.Кабирӣ чандин маротиба изҳор дошт, ки сабаби таъсиси ҳизб ин ҳодисаҳои сиёсии кишвар дар солҳои 1990-1997 буданд. Хуб, ҳодисаҳои сиёсӣ гузаштанд, кишвар ба оромӣ ва тинҷӣ расид. ҲНИТ бояд як ҷузъи  идораҳои муваққатие, ки дар он замон  барои муҳайё кардани шароити гуфтушуниди миёни тоҷикон таъсис ёфта буд фаъолияташро анҷом медод. Дар ибтидо барои сохтани хона ё навиштани китоб хеле мавод ҷамъоварӣ карда мешавад, вале чун кор ба итмом расид ҳамаи он маводи ҷамъовардашуда дигар зарурат надорад ва зарурати ҳамон хона ё китоб асосӣ ва ҳадаф буд. Дар ин ҷо низ айнан чунин таҷриба аст. Чун  ҷанг ба охир расид ва сулҳи тоҷикон имзо шуд пеш аз ҳама роҳбарияти ҲНИТ дар шахсияти Кабирӣ бояд эълон мекард, ки зарурат ба фаъолияти ҲНИТ дигар нест. Аммо наҳзат соҳибони нав пайдо кард, ки дар минтақа ҳадафҳои худро доранд, ҷойи хуби бозиҳои сиёсӣ ва  макони обу лой кардани пули ташкилотҳои хориҷӣ гардид. Соҳибони хориҷии ҳизб бошанд, онро ҳамчун намояндаи мардуми мусулмон дониста, барномаҳои сиёсиашонро, ки гўё барои беҳбудии мусулмонони кишвар аст, ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд. Кабирӣ  шояд  қиммати   гарони ваҳдате, ки бар ивази ҷони ҳазорҳо шаҳрвандон ба он дастёб шудем, то ҳозир дарк накарда бошад ва ё бозиҳои пасипардагии  наҳзатиҳо бо ҳаёти мардуми кишвар таҷрибаи навбатӣ бошад. Аксар   намояндагони ҲНИТ аз ҳамкориҳо ва суҳбатҳо бо намояндагони ташкилотҳои сиёсии манфиатҷў дар минтақа ифтихор мекунанд ва ин равандро барои ҳизб хеле судманд меҳисобанд. Аммо касе намедонад, ки дар ин вохўрию ҳамкориҳо байни ҲНИТ ва созмонҳои байналмилалӣ чӣ масоиле мавриди баҳсу муҳокимаҳо қарор мегиранд.
            Барои бақои давлати миллӣ бартарият додани арзишҳои динӣ дар зери пардаи исломи сиёсӣ ин маънои решакан шудани ҳамон давлати миллиро дорад. Зеро арзишҳои динӣ бо сиёсат омехта шуда, ниҳоят марҳалае мерасад, ки исломи сиёсӣ бо истифода аз ақидаи динии мардум бартарияти худро нишон диҳад. Дар ин сурат ин фалаҷ шудани низоми дунявии давлат аст.
    Аксари мардуми тоҷик дарк карданд, ки фаъолияти ҲНИТ имрўз ба нафъи онҳо нест ва ин омили бисёр муҳим аст. Зеро ҲНИТ аз аввал ҳам ҳизби мардумӣ набуд ва наметавонад ҳизби мардумӣ бошад. Дар сурати ҳизби мардумӣ шудан бояд ҳизби динӣ набошад.
    Омилҳои сиёсии минтақа моро бори дигар нишон доданд, ки таъсиси ҳизби динӣ дар айни замон ба манфиати давлати миллӣ нест. Таҷрибаи кишварҳои дигари пасошуравии Осиёи Миёна инро собит кард, ки бе таъсиси ҳизби сиёсӣ ҳам мардум метавонад анъанаву маросимҳои диниро адо намояд ва аз озодии динии худ дифоъ кунанд.
     Ин як иқдоми бисёр муҳим ва сиёсии мардуми тоҷик дар даврони истиқлолият буда, нишони дигари таҳкими худшиносии миллати тоҷик дар асоси сиёсат мебошад.

    Юсупов Шариф,
Роҳбари маркази фарҳангии тоҷикони 
вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон 

Сентябрь 14, 2015 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад