Баргузории ҷаласаи навбатии “Раванди Берлин”
Душанбе, 11.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Рӯзҳои 7-8 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Берлин Конфронси “Раванди Берлин” таҳти унвони “Об ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ дар Осиёи Марказӣ” бо иштироки намояндагони баландпояи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор гардид.
Дар кори Конфронс намояндагони Иттиҳоди Аврупо, Комиссияи иқтисодии СММ оид ба Аврупо, Созмони Ҳамкорӣ ва Амният дар Аврупо, Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ, ИМА, Бонки Ҷаҳонӣ, Конфедератсияи Швейтсария ва Давлати Исроил ширкат варзиданд.
Дар кори конфронси мазкур ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим иштирок дошт.
Боиси тазаккур аст, ки ин раванд аз соли 2008 оғоз гардида, то ин дам ду марҳалаи он сипарӣ гардидааст. Дар ҷараёни Конфронси навбатӣ масъалаҳои вобаста ба марҳалаи саввуми “Раванди Берлин” мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.
Ҳадафи асосии ташаббуси Ҷумҳурии Федеративии Олмон рушди устувори иқтисод ва суботи минтақавӣ тавассути чораҳои муштарак дар самти идораи манбаъҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ ва таъмини ҳамкориҳои муштарак миёни кишварҳои минтақа ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар робита ба мавзӯъ мебошад. Раванди Берлин ба эътирофи ҷониби Олмон ҷузъи таркибии стратегияи ҳамкории Иттиҳоди Аврупо дар самти минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар доираи нишасти Берлин тарҳи Эъломияи муштараки Конфронси сатҳи баланд “Об ва ҳамсоягии нек дар Осиёи Марказӣ”, ки қаблан мавриди ҳамоҳангии ҷонибҳо қарор гирифта буд, баррасӣ гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






