Бародари асосгузори ҳаракати «Толибон» дар Афғонистон ба гурӯҳи ДИ савганди садоқат ёд кардааст
Душанбе, 11.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бародари асосгузори ҳаракати ифротгарои «Толибон» дар Афғонистон, мулло Абдул Maннон савганди садоқати худро ба сарвари нави толибон мулло Ахтари Мансур рад намуда , ба гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» пайваст. Дар ин бора намояндаи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон иттилоъ дод.
Гурӯҳи алоқаманд ба ДИ, ки дар Афғонистон амал мекунад, тасдиқ карданд, ки якчанд қумондонҳои саҳроии «Толибон», дар миёнашон бародарон мулло Умар ва Мулло Дадуллоҳ , ки ҳадафи ҳамлаи 2,1 ҳазор толибон пайравони мулло Ахтар Мансур гардиданд, аз вилояти ҷанубии Зобул тахлия дода шуданд. Барои ин амалиёт 230 ҷангии гурӯҳи ДИ фиристода шуданд.
Ин иттилоот ҳанӯз тасдиқи расмӣ наёфтааст.
Моҳи январ роҳбарони ДИ таъсиси «аморати Хуросон» -ро эълон намуданд, ки ба ҳайати он Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ва Бангладешро шомил медонанд.
Ҳофиз Саид Хон – яке аз сардорони « Толибон» дар Покистон «Амири ин аморат» таъин гардид. Коршиносон қайд менамоянд, ки вақтҳои охир таҳкими назарраси мавқеи ифротгароён дар шарқ ва ҷануби вилоятҳои Лоғар, Пактия, Ғазнӣ, Зобул, Ҳилманд ва ҳамчунин дар шимоли Афғонистон — дар Қундуз, Ҷузҷон ва Парвон ба мушоҳида мерасад. Ҳамин тариқ, барои содиқ мондан ба ДИ қумондонҳои саҳроӣ ва ҷангиёни қатории «Толибон» қасам ёд мекунанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






