Баррасии ҳамкории минтақавии Тоҷикистону ИМА дар Суғд
Душанбе, 01.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Рушди ҳамкории минтақавии Тоҷикистону Амрико аз мавзӯъҳои асосии вохӯрии раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ҷаноби Дэниел Розенблум ва ҳайати ҳамроҳонаш буд, ки дирӯз бо сафари корӣ ба вилоят ташриф оварданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноматмандӣ намуда, изҳор доштанд, ки барнома ва нақшаҳои аз ҷониби ИМА дар Тоҷикистон роҳандозишаванда бо иқдоми роҳбарияти вилоят, аз ҷумла дар риштаи маорифу тандурустӣ, истифодаи захираҳои об ва дастгирии ҷавонон ба манфиат ва самарабахшанд. Ҷонибҳо инкишофи муносибатҳои тарафайнро дар рушди туризму сайёҳии минтақа мувофиқи мақсад арзёбӣ намуданд.
Дар охир меҳмонон аз мавзеъҳои таърихии маркази вилоят боздид намуда, бо маданияти шаҳрдорӣ ва фарҳанги ғании суғдиён ошно гарданд.
Ёдовар мешавем, ки ин аввалин сафари кории ҷаноби Дениел Розенблум ба вилояти Суғд ба ҳайси муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ мебошад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






