Баррасии масоили буҷети давлатӣ барои соли 2016

Сентябрь 29, 2015 07:22

Душанбе, 29.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз дар ҳузури Сарвазири мамлакат  Қоҳир Расулзода ҷаласаи Комиссияи доимамалкунандаи буҷетӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба лоиҳаи  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бораи лоиҳаи   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2017-2018» ва лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маъқул донистани «Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2017»»  мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Доир ба масъалаҳои рўзномаи кории ҷаласа роҳбарони аввали вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ баромад намуда, фикру мулоҳизаҳои хешро баён намуданд. 
Дар маҷмўъ, лоиҳаи қарорҳои пешниҳодгардида қобили қабул дониста шуда, вазорату идораҳои дахлдори мамлакат вазифадор гардиданд, ки дар якҷоягӣ бо назардошти таклифу пешниҳодҳо ва  имкониятҳои  мавҷуда  лоиҳаҳои қарорҳоро такмил дода, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

 

Сентябрь 29, 2015 07:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд