Бесарнишинони Британиё 330 силоҳбадасти «Давлати исломӣ» — ро нест карданд
Душанбе, 18.09.15. (АМИТ «Ховар»). — Тайи як сол бесарнишинони Британиё қариб 330 нафар силоҳбадастони «Давлати исломӣ» — ро нест намуданд.
Ба гуфтаи вазири мудофиаи Британиё Майкл Фэллон, теъдоди кушташудагон тахминист, зеро барои аниқ намудани талафоти воқеӣ қувваҳои ҳарбии Британиё дар Сурия ҳузур надоранд.
Шӯрои амнияти миллӣ бо сарварии сарвазир Дэвид Кэмерон изҳор дошт, ки ҳамлаҳои бесарнишинон ба силоҳбадастони мушаххас дар Сурия, ки ба Британияи Кабир хатар меоранд, дар шароити худмудофиа қонунианд.
21 август бар асари ҳамлаҳои тайёраҳои низомӣ дар Сурия шаҳрвандони Британиё Риёдхон ва Руҳуламин, ки аз ҷониби «Давлати исломӣ» муҳориба мекарданд, нест карда шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






