Бонувони Тоҷикобод: «Нагузорем, ки тинҷиву осудагии миллати тоҷик халалдор гардад»
Душанбе, 16.09.2015. (АМИТ «Ховар»).-Барои Зан-модар аз тинҷиву амонӣ, саодати рӯзгори фарзандон дида, неъмати бузургтар вуҷуд надорад. Афсӯс, ки баъзе ҷавонони бесаводу гумроҳ ва дур аз маърифат фирефтаи макру найранг ва дасисаи бегонагон мегарданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ дар иртибот ба ин масъала воқеъбинона таъкид карда буд: «Терроризм ва ифрогароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтаанд».
Пӯшида нест, ки дар натиҷаи амалҳои террористӣ ҳар рӯз даҳҳо инсонҳои бегуноҳ қурбон гардида, хонаву дари одамони бегуноҳ сӯхта, хокистар мегардад. Роҳбарони гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ба ҷавонони гумроҳ ваъдаҳои пулию молӣ дода, онҳоро ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ шомил месозанд. Алалхусус дар ин самт фаъолияти гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» боиси нигаронӣ ва ташвиши ҷиддии сокинони сайёра гаштааст.
Мо, модарону бонувони ноҳияи Тоҷикобод аз ҷавонони босаодати кишвар даъват мекунем, ки ватандӯсту миллатдӯст бошанд, ба муқаддасоти миллӣ арҷ гузоранд, ҳаргиз ба Ватани маҳбуби худ хиёнат накунанд.
Ҳамчунин моро мебояд нагузорем, ки дар зери ниқоби ислом ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро тинҷию осудагии миллати тоҷикро халалдор созанд ва боз ашки ҳасрату алами модарон бирезад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






