Бори каҷ ба манзил намерасад

Сентябрь 21, 2015 10:34

Душанбе, 21.09.2015. (АМИТ «Ховар»). -. Бояд таъкид намуд, ки ба даст овардани ризоияти миллӣ, қатъи ҷангу хунрезӣ ва расидан ба зиндагии ором, ки имрӯзҳо насиби ҳар як  тоҷику тоҷикистонӣ гаштааст, кори саҳлу осон набуд. Тамоми мардуми Тоҷикистон хуб огоҳанд, ки то расидан ба дастовардҳои имрўза мо чӣ қадар мамониату маҳрумият ва мушкилоту сахтию сангиниро паси сар кардем.
Воқеаҳои вақтҳои охир дар баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла дар Сурия, Ироқ, Яман, Миср, Афғонистон рухдода нишон медиҳанд, ки таъмини сулҳу оромӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат барои ҳар як шахс арзёбӣ мегардад.
Дидани вазъи гурезаҳое, ки барои наҷоти ҷони худ аз ин кишварҳои ҷангзада ба мамлакатҳои дигар, аз ҷумла ба Туркия ва Аврупо фирор мекунанд, ҳар шахси солимфикру бовиҷдонро ба риққат меорад. Ин ҳодисаҳо ҳар яки моро водор месозанд ба хотир орем, ки чунин рўзҳои ниҳоят сахту сангин ба сари мо ва сарзамини мо низ омада буданд.
Дар натиҷа, беш аз сад ҳазор нафар шаҳрвандони мо ҷони худро аз даст доданд, қариб як миллион нафар иҷборан хонаву дари худро тарк карда, ба кишварҳои ҳамсоя фирор намуданд. Ҷанги таҳмилӣ ба иқтисодиёти мамлакат дар маҷмўъ беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зиёни моддӣ расонид. Даҳҳо ҳазор хонаҳои истиқоматӣ сўзонда шуда, ҳазорҳо иншооти иҷтимоӣ харобу валангор гардиданд. Зарари маънавии ҷанг ҳадду ҳисоб надорад, зеро бар асари он даҳҳо ҳазор модарон аз фарзандонашон, даҳҳо ҳазор занон аз шавҳаронашон маҳрум гардида, зиёда аз 50 ҳазор кўдакон ятим монданд.
Вале бархилофи азму талошҳои гурўҳҳои бегонапараст, неруҳои тундрави дохилӣ ва баъзе доираҳои манфиатдори хориҷӣ қувваҳои солими ҷомеаи мо дар як муддати кўтоҳ зери парчами ягонагии миллӣ ба ҳам омада, роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллиро интихоб карданд.
Муҳимтарин дастоварде, ки дар ин давра ба даст омад, ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» дар Тоҷикистон буд. Набояд фаромӯш кард, ки  маҳз ҳамин санади таърихӣ ба ҷанги  шаҳрвандӣ хотима бахшид ва фазои сулҳу суботро дар Тоҷикистон ҳукмфармо кард. 
Имрўз мардуми шарифи Тоҷикистон аллакай моҳият ва мафҳуми ваҳдати миллиро хуб дарк намуда, ҳамеша хостгори сулҳу субот мебошанд.  Аммо баъзе афроди ҷомеа ба монанди собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Абдуҳалим Мирзо машҳур бо лақаби «Ҳоҷӣ Ҳалим», Умаров Ҷунайдулло Сатторович, сардори Раёсати бозрасии  ҳарбии Вазорати мудофиа бо нияту ҳадафҳои нопоки худ ва созмон додани дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ мехостанд вазъи сиёсӣ ва амнияти мардумро дар кишвари азизамон ноором созанд. Вале ба онҳо муяссар нагардид, ки ин нияти хиёнаткоронаи худро дар ҷомеаи имрўзаи мо пиёда созанд. 
Бояд зикр намуд, ки гурўҳи мусаллаҳи Назарзода А.М. бо ин кирдору амалҳои ҷинояткорона худ на танҳо қасами ҳарбии худро шикаст, балки ҳаёти наздикону пайвандонашонро зери хатар гузошта, номи онҳоро доғдор сохт, ки ин амал асло бахшиданӣ нест.
Мувофиқи баъзе сарчашмаҳои хабарӣ гӯё, ки рўзи 4 сентябр ба Назарзода А.М хабар мерасад, ки дар давоми рўз  афсарони мухолифини собиқ ва дигар ашхоси ба онҳо наздик ба ҳабс гирифта мешаванд. Баъди шунидани чунин маълумот, вай ба хулосае меояд, ки аз шармандавор ҳабс ё эҳтимоли кушта шудан, хубтараш то охир мубориза барем.  Бо ин нияти ғаразноки худ ин гурўҳи мусаллаҳ ба хиёнат ба ватан даст мезанад.
Вале ба андешаи ман ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон гуфтаҳои мазкур ягон асоси воқеӣ надоранд, чунки агар вай бегуноҳ мешуд, ҳангоми шунидани чунин хабар метавонист фавран дар назди роҳбарияти аввали Вазорати мудофиа ё Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бегуноҳии худро исбот кунад, вале ин кор аз ҷониби генерал анҷом дода нашуд. Пас маълум мешавад, ки изҳороти расмии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба он, ки Назарзода А.М. тайи солҳои охир бо мақсади амалӣ намудани кирдорҳои ҷинояткорона ва хиёнаткоронаи худ бо дастур ва роҳбарии бевоситаи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Кабирӣ Муҳиддин беш аз 20 гурӯҳи хурди ҷиноятӣ ташкил намуда, онҳоро бевосита роҳбарӣ менамудааст, асоси воқеӣ дорад.
Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар посух ба ин изҳорот гуфтааст, ки гўё вай ва ҳизби вай  ба ин ҳаводис иртиботе надоранд. Албатта, дар вақти сахтӣ ҳеҷ кас намегўяд, ки ман гунаҳгорам ё дуғи ман турш аст. Вале ба андешаи ман ин гуфтаҳои Муҳиддин Кабирӣ низ асоси воқеӣ надошта, ӯ мехоҳад бо ин роҳ худ ва аъзони ҳизбашро соф нишон диҳад. Аммо саволи матраҳ ин аст, ки  модоме, ки иртибот надоштед, пас чаро аз ҷониби ҳизб ин амали террористӣ боре ҳам маҳкум карда нашуд.
Ин бори дигар собит месозад, ки Кабирӣ ва аъзои ҳизби  ӯ  бо ин гурўҳи мусаллаҳи ҷиноятпешаи Назарзода А.М пайваста дар иртибот будаанд ва онҳоро роҳбарӣ мекардаанд.
Ман ҳамчун як сокини шаҳри Душанбе рафтори хиёнаткоронаи ин гурӯҳи террористиро таҳти роҳбарии Назарзода А.М ва Муҳиддин Кабириро, ки мехостанд  Ватани орому осудаи моро ба хоку хун кашанд, сахт маҳкум мекунам.
Набояд фаромўш кард, ки дар тӯли таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан-модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад. 
Дар фарҷоми сухан ҳамчун як зодаи Тоҷикистон мехоҳам таъкид созам, ки агар мо мехоҳем пайваста зери парчами сулҳу субот умр ба сар барем, пас мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак ва муттаҳид бошем, ба ҳар гуна дасисаву фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем, танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем суботи сиёсиро боз ҳам устувор гардонем.

Зиндаву поянда  бод сулҳу оромӣ дарТоҷикистони соҳибистиқлол!

Одинаев А.И. 
муовини сардори Раёсати МТС назди Президенти ҶТ
21/09/2015

Сентябрь 21, 2015 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» бо «Лигаи футболи Тоҷикистон» шартномаи ҳамкориро идома дод
Дар Маҷмааи сайёҳии «Сафеддара» Форуми блогерон баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад