Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз заминҳои Корпоратсияи “Баракат” дар ноҳияи Ҳисор
Душанбе, 22.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Худи ҳамин рӯз дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҳисор Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти меҳнаткашон дар хоҷагии намунавӣ ва овозадори Корпоратсияи Баракат аз наздик шинос шуд.
Тавре маълум гардид, ки ин хоҷагӣ серсоҳа буда, дар масъалаи парвариши чорво низ дар ҷумҳурӣ пешсаф аст.
Тавре иттилоъ доданд, танҳо аз ҳамин хоҷагӣ ба хориҷ рӯзҳои охир беш аз 5000 тонна ангур содирот шудааст. Айни ҳол дар заминҳои хоҷагӣ ҳосил фаровон аст.
Дар ин хоҷагӣ 8 намуд ангур, аз ҷумла кишмиши сиёҳ парвариш карда мешавад.
Дар ҳамин хоҷагӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти намунавии боғдорон шинос шуд.
Дарахтони сербори себ аз фаровонии ҳосили ин навъи мевагӣ дар хоҷагӣ дарак медиҳад. Президенти мамлакат ба фаъолияти боғдорон, ки ҳамзамон ба хушк кардани себ машғул буданд, баҳои баланд дода, ба онҳо барори кор ва файзу баракат таманно кард.
Дар қитъаи дигари заминҳои хоҷагӣ ба Сарвари давлат яке аз навъҳои беҳтарини ангури ҳусайнӣ пешкаш карда шуд.
Ин навъи ангур дар майдони қариб 4 гектар доман паҳн кардааст ва аз рӯи гуфти боғбон онҳо аз ҳар як гектар замин 50 тонна ҳосил гирифтанианд.
Президенти мамлакат ба боғдорони пуртаҷрибаи ин хоҷагӣ низ барои фаъолияти пурсамар баҳои баланд дод ва ба онҳо барои ҷамъоварӣ, нигоҳубин ва содироти ин маҳсулоти серхарид маслиҳатҳои муфид дод.
Сарвари давлат барои фаъолияти пурсамар ва бо кор таъмин кардани садҳо нафар сокинони ноҳия ба роҳбарияти хочагӣ изҳори сипос намуда, ин иқдоми онҳоро намунаи ибрат номид.
Баъди шиносоӣ бо фаъолияти меҳнаткашони Корпоратсияи “Баракат” сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳисор ба охир расид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






