Боздиди кории сафири Тоҷикистон Маликшо Неъматов аз шаҳрҳои Кил ва Лубеки музофоти Шлезвиг Ҳолштайни Олмон
Душанбе, 23.09.2015. (АМИТ «Ховар»).-Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон Маликшо Неъматов аз маркази маъмурии музофоти Шлезвиг Ҳолштайни Олмон- шаҳри Кил боздид ба амал оварда, нахуст бо шаҳрдори шаҳри Кил доктор Улф Кемпфер мулокоти корӣ анҷом дод. Дар мулоқот бо назардошти минтақаи аграрӣ будани музофоти мазкур сафири Тоҷикистон барои рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ бо Тоҷикистон пешниҳодоти мушаххас намуд. Дар навбати худ ҷониби олмонӣ омодагии худро барои вусъати ҳамкории дуҷониба изҳор намуд. Дар хотимаи мулоқот Маликшо Неъматов дар китоби ифтихории шаҳри Кил таманниёти худро сабт намуд.
Ҳамзамон ҳангоми боздид аз ин шаҳр сафири Тоҷикистон ба Донишгоҳи шаҳри Кил ташриф овард, ки таърихи 350- сола дорад. Дар вақти суҳбат бо роҳбарияти донишгоҳ мувофиқа ба даст оварда шуд, ки ҷонибҳо ҷиҳати ба рох мондани ҳамкории илмӣ, табодули донишҷӯён ва омӯзгорон тадбирҳои лозимӣ меандешанд.
Дар доираи боздиди худ аз шаҳри таърихӣ ва саёҳии Лубек сафири Тоҷикистон ба шаҳрдорӣ ташриф оварда, ба китоби ифтихории шаҳри Лубек таманниёти худро сабт намуд. Ҳангоми суҳбат бо роҳбарияти шаҳр ҳамкории дуҷониба дар самти рушди сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ҷараёни сафар М. Неъматов ба Донишгоҳи мусиқии шаҳри Лубек низ ташриф оварда, бо роҳбарияти ин донишгоҳ мулоқот намуд. Ҷониби олмонӣ омодагии пурраи худро барои ҳамкорӣ бо ҷониби Тоҷикистон дар бахшҳои санъат ва мусиқӣ изҳор намуд.
Дар анҷоми сафари худ аз шаҳри Лубек сафир аз Ширкати саноатии истеҳсоли мошинолоти коркарди маҳсулоти гӯштии мурғу моҳӣ “Baader GmbH+Co” дидан намуд. Ҳангоми сӯҳбат роҳбари ширкати мазкур хонум Петра Баадер хотироти худро аз сафараш ба шаҳри Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии иқтисодии Тоҷикистону Олмон дар моҳи майи соли 2015 ёдовар шуда, оид ба истифодаи имконияти ширкаташ ҷиҳати рушди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон омодагии ширкаташро иброз намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад






