Боздиди Р.Раҳимзода аз Маркази идораи автоматии «Шаҳри бехатар»
Душанбе, 29.09.15. (АМИТ «Ховар»). — Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз Маркази идораи автоматии «Шаҳри бехатар» боздид намуд.
Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, вазир ба шахсони масъул барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда дастурҳои мушаххас дода, зикр намуд, ки ҳар корманд бояд вазифаи худро бо масъулияти баланд баҷо оварда, ба кабудизору обод намудани қитъаю ҳудуди бинои марказ ҳисса гузорад.
Қобили зикр аст, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба сохтмону таъмири биноҳои маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ дар саросари қаламрави кишвар таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






