Боздиди зоирон аз мавзеъҳои таърихии Макка
Душанбе, 16.09.2015 (АМИТ «Ховар »).- Дар меҳмонхонаи «Насоим-ул-масоъ», ки дар он қариб се ҳазор зоирони Тоҷикистон сукунат доранд, ҷаласаи васеи ситоди ҳаҷ бо иштироки роҳбарияти гурӯҳи корӣ ва роҳбаладон баргузор гардид.
Мушовири раиси Кумитаи оид ба корҳои дин Хайриддин Тӯраев дар муддати ду рӯз тамоми меҳмонхонаҳоро аз назар гузаронида, бо вазъияти буду боши ҳоҷиён аз наздик шинос шуд ва бо аксари зоирин доир ба масъалаҳои низом, фаъолияти раҳбаладон, таъмини хӯрокӣ суҳбатҳо гузаронид.
Роҳбарияти ситод дархосту пешниҳоди зоиронро доир ба тамошои ҷойҳои таърихӣ, ба монанди ғори Савр, Арафот, Муздалифа, Мино ва кӯҳи Нур, ки дар он ғори Ҳиро воқеъ гардидааст, ба инобат гирифта, 15-уми сентябр хоҳишмандонро ба тамошои ин мавзеъҳо бурданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» намояндаи маркази матбуоти ситоди «Ҳаҷ-2015» аз шаҳри Макка хабар дод.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






